Муҳорибагар ба ҷойи рақиб ба довар ҳамла кард

Дар иёлати Анкасвиллаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шаби 26 — 27 октябр мусобиқаи омехтаи Bellator 232 баргузор шуд.

Амрикоиҳо Маркус Саурин ва Девин Пауэлл ба октагон баромаданд. Пауэлл бо техникаи нафасбандӣ ғолиб омад ва ба ҷашн гирифтани ғалаба омодагӣ медид. Аммо рақибаш ба ҳуш омада барои идома додани бозӣ қувва пайдо кард. Бо вуҷуди ин, оқибатҳои нафасгирӣ беҳуда нагузашт — вай пойи доварро қапид.

Онҳо кӯшиш карданд, ки муҳорибагарро боздоранд, аммо пас аз якчанд сония ӯ худ хатояшро дарк намуда ба як тарафи дигар гузашта истод.

  • Омори ғолибиятҳои бадастовардаи Пауэлл — 10 ғалаба ва чор мағлубият аст.
  • Саурин шаш пирӯзӣ ва ду мағлубиятро доро мебошад.

Сарчашма: eurosport.ru