Назима бо Миша Марвиш клип ба навор гирифт

Сароянда Назима клип дар суруди «Я твоя»-ро 29-уми октябри соли 2019 баровард. Нақши асосиро дар видео, ҳамкори сароянда дар лейбли Black Star Миша Марвин офарид. Коргардони ролик  Александр Романов мебошад.

Мувофиқи маълумоти «Стархит» Миша Марвин, ки бо Назима муносибати наздик дорад, аз сабаби рашк ба наворгирии клип исрор кардааст. Дар саҳнаи ниҳоӣ, қаҳрамонҳо якдигарро мебӯсанд ва овозхон намехост ин нақшро ба дигар кас диҳад.

— Миша барои ман на танҳо ҳамкор аст, — иқрор мешавад Назима. – Мо бештар аз дӯстем. Ҳар лаҳза, ман дастгирии бузурги ӯро ҳис мекунам. Ӯ марди ҳақиқист! Навори мо дар бораи пайдоиши муносибатҳои нав, дар бораи тарсу ҳарос, дар бораи мубориза барои муҳаббат аст! Ҳамааш хеле ҳамоҳанг баромад, сарфи назар аз душвориҳои дунё, шумо шахси худро хоҳед ёфт.

Навори ролик дар Қазоқистон гузаштааст.

Сарчашма: intermedia.ru