Омӯзиши ройгони забони исландӣ дар Исландия

Мӯҳлати охирин барои супоридани ҳуҷҷатҳо: 1 декабри соли 2019

Грант: пардохти хароҷот

Замон: ҳамасола

Макон: Рейкявик, Исландия

Тавсиф

Вазорати илм, фарҳанг ва маорифи Исландия ҳамасола барои довталабони хориҷӣ дар донишгоҳи Исландия (Рейкявик) дар ихтисоси «Забони исландӣ» стипендия пешниҳод мекунад. Стипендия пардохти яксоларо дар бар мегирад. Дар ҳолати муваффақона супоридани имтиҳонҳо, донишҷӯ метавонад дархости худро барои идомаи таҳсил пешниҳод намояд. Давомнокии таҳсил дар ин барнома 3-солро ташкил медиҳад.

Стипендия пардохти таҳсил, заруриятҳои донишгоҳӣ ва ҷойи истиқоматро дар бар мегирад.

Дар барнома омӯзиши забони муосири исландӣ: сарф, наҳв, овошиносӣ (морфология, синтаксис, фонетика) дохил мешавад. Шиносоӣ бо таърихи Исландия ва адабиёти классикии он шомили барнома аст. Оғози таҳсил — сентябри соли 2020.
Забони таҳсил — англисӣ.

Талаботҳо барои довталабон

  • Донишҷӯи яке аз давлатҳое, ки дар барнома иштирок мекунанд (рӯйхат дар сомона)
  • донистани забони англисӣ (барои гузаштани барнома басанда аст)
  • донистани забони исландӣ (дар cатҳи муқаддимавӣ)

Тарзи бақайдгирӣ

Рӯйхати донишҷӯён моҳи марти соли 2019 ба нашр мерасад.
Маълумоти муфассалро дар бораи барнома, дар сомонаи Вазорати илм, фарҳанг ва маорифи Исландия дастрас карда метавонед.

Тамос:

Суроға: Árni Magnússon Institute

for Icelandic Studies

Main Office Árnagarður

Suðurgata
101 Reykjavík

Телефон: + (354) 525 4010

Почта: arnastofnun(at)hi.is

Cарчашма: grantist.com