Пардохти хароҷоти таҳсил дар донишгоҳи Гамбурги Олмон

Муҳлати охирини қабули дархостҳо: 1 декабри соли 2019

Грант: 720€ дар як моҳ

Кай: ҳамасола

Макон: Гамбург, Олмон

Тавсиф

Донишгоҳи University of Hamburg ба донишҷӯёни хориҷие, ки дар барномаҳои донишгоҳии DiplomMagister ва ё Staatsexamen таҳсил мекунанд, грантҳо пешниҳод кардааст. Мӯҳлати давомнокии пардохти грант 12-моҳро дар бар мегирад.

Ҳадафи грант — кӯмак ба донишҷӯёни боистеъдод ва ҳавасманди хориҷӣ дар University of Hamburg мебошад.

Ҳадди ниҳоии грант як моҳ 720 евро буда, муҳлати максималии сармоягузорӣ 12-моҳро ташкил медиҳад. Ҳаҷми ҳар як грант алоҳида ҳисоб карда мешавад.

Талабот барои довталабон:

  • донишҷӯёни хориҷие, ки шаҳрвандии Олмонро надоранд;
  • донишҷӯёне, ки имкони гирифтани қарзи федералии донишҷӯӣ — BAföG-ро надоранд;
  • донишҷӯёне, ки дар марҳилаи ниҳоии таҳсили худ ҳастанд (марҳилаи имтиҳонҳо ё омодагӣ ба имтиҳонҳо);
  • донишҷӯёне, ки барои ин марҳилаи таҳсил сармоягузорӣ надоранд.

Грантро чӣ тавр ба даст овардан мумкин аст?

Анкетаро пур карда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоед:

  • CV
  • сабабҳои пешниҳоди дархост барои грант
  • ҷадвали шарҳи муфассали тамоми марҳилаҳо то имтиҳони ниҳоӣ;
  • Баҳогузории кори ниҳоии илмӣ аз ҷониби роҳбар.

Маълумоти муфассал дар сомонаи ташкилкунандагон.

Сарчашма: grantist.com