Порае аз қисми охирони филми

Шабакаи «Новости кино» трейлери дубляжшудаи қисми ниҳоии филми «Звездные войны 9: Скайуокер. Восход»-ро нашр намуд. Сужаи он аз саргузашти як авлод нақл мекунад, ки ба тақдири ҷамоати галактикӣ ва сипас ба империя таъсири калон расонидааст.

Дар филми мазкур, ки коргардони он Ҷей Ҷей Абрамс мебошад, Оскар Айзек, Дэйзӣ Ридлӣ, Марк Хэмилл, Люпита Нионго, Адам Драйвер, Донал Глисон, Керӣ Расселл, Кэррӣ Фишер, Келлӣ Марӣ Трэн ва дигар ҳунармандони шинохта ҳунарнамоӣ намудаанд. Ин филм 19 декабри соли равон ба дӯстдорони санъати синамо пешниҳод мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи ноябр ба мухлисони ин қиссаи машҳур аввалин силсилафилми бозигӣ пешкаш карда мешавад, ки саҳнаҳои он дар олами «Звездные войны» баргузор мегардад. Лоиҳаи нав бо номи «Мандалорец» тавассути хадамоти Disney + пахш карда мешавад.

Тақдири ояндаи «Звездные войны» ҳанӯз маълум нест. Ҳамин тавр, баҳори соли 2019 хабар дода шуд, ки таҳияи филмҳои навбатиро созандагони силсилафилми машҳури телевизионии «Игра престолов» Дэвид Бениофф ва Д. Б. Уайсс ба ӯҳда мегиранд.

Сарчашма: kinonews.ru