Рақиби навбатии Конор Макгрегор маълум гардид

Рақиби навбатии варзишгари номдори муҳорибаҳои омехта Конор Макгрегор маълум гардид. Ба эҳтимоли зиёд, он собиқ қаҳрамони UFC дар вазни сабук Фрэнкӣ Эдгар мебошад.

Рӯзи 16-уми октябр дар саҳифаи твиттери UFC паёми шодбошии зодрӯзи Эдгар нашр шуд. Дар шарҳи он Конор Макгрегор чунин навишт: «Табрик, Фрэнкӣ. Моҳи декабр вомехӯрем». Эдгар ба Нотариус гуфт, ки ба қувваозмоӣ омода аст – ҳамакнун посухи Макгрегор ва Дэйна Уайтро мемонаду халос.

«Навбати туст, Дэйна, муҳорибаро ташкил бикун. Ҳаққи корамро хайр намо», — гуфт Макгрегор.

View this post on Instagram

@frankieedgar vs @thenotoriousmma Dec LETS GOO ??

A post shared by Mark Henry (@coachmarkhenry) on

Ёдовар мешавем, ки қувваозмоии охирини Эдгар Фрэнкӣ моҳи июли соли равон баргузор шуда шуд, ки Макс Холлоуэй ӯро мағлуб кард.