Роҳбари Walt Disney бонуфузтарин шахс дониста шуд

Нашрияи The Hollywood Reporter рӯйхати ҳамасолаи рейтинги шахсиятҳои бонуфузи соҳаи филмгузориро нашр намуд.

Дар он зинаи намоёнро роҳбари ширкати Walt Disney Боб Айгер аз худ намуд. Гуфта мешавад, ки Айгер ба дастовардҳои сершумораш дар ин вазифа боз як муваффақияти дигарро зам кард, ки ин якҷояшавӣ бо 21st Century Fox бо тамоми дороиҳои студияи Fox ва ҳамчунин роҳандозии хадамоти видеоии Disney+ мебошад.

Айгер боз як дастоварди шахсии дигар дорад: хотироти ӯ «The Ride of a Lifetime», ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба нашр расидааст, серхаридортарин китоб гашт.

Дар мақоми дуюм роҳбарони хадамоти видеоии студияи Netflix Рид Гастингс ва Тед Сарандос қарор гирифтанд. Бо вуҷуди кам шудани сармояи ширкат ва шумораи муштариён (дар семоҳаи дуюми соли 2019 онҳо 130 ҳазор нафар кам шуданд) ва қарзи калон (10 миллиард доллар), Netflix ҳанӯз ҳам яке аз бозигарони пешсаф дар бозори талаботии синамоӣ ба шумор меравад. Ширкатро зарур меояд, ки барои нигоҳ доштани мавқеи худ дар соли 2020 кӯшишҳои зиёд ба харҷ диҳад.

Сархати сеюми ҷоизадорон насиби Брайан Робертс ва Стив Берк, роҳбарони NBCUniversal гардид. Ҳарчанд Walt Disney-ро барои бадастории 21st Century Fox шикаст дода натавониста бошад ҳам, ширкат боз як дороии муҳим — Sky-ро, ки мавқеи хоса дорад, ба даст овард.

Сарчашма: kinonews.ru