Селена Гомес дар бораи талафот ва муҳаббат сароид

Овозхони номдори амрикоӣ Селена Гомес таронаи тозаэҷоди худро ҳамроҳ бо клип пешкаши ҳаводорони савту наво гардонид.

Оҳанг «Lose You to Love Me» ном дошта, клипи он тариқи наворгири iPhone сабт шудааст.

— Ин суруд аз бисёр чизҳое илҳом гирифта шудааст, ки дар ҳаёти ман пас аз нашри албоми охирин рух додааст, — мегӯяд сароянда. — Роҳ ба худшиносӣ одатан дар ҳаёти шахс асарҳои худро мегузорад. Ман мехоҳам, ки одамон умедро ҳис кунанд ва бидонанд, ки дар натиҷа онҳо намуди мустаҳками худро пайдо мекунанд.

Албоми охирини Села «Revival» соли 2015 баромада буд ва аз он замон ӯ бо мусиқиҳои худ мухлисонашро кам шод мекард: соли 2018 суруд ва клип аз саундтрек ба филми «13 сабаб барои чӣ» ва дар аввали соли 2019 дуэт бо Беннӣ Бланко «I Can’t Get Enough» баромада буд.