Сергей Крикалев - кайҳоннаварде, ки дар кайҳон

Дар моҳи феврали соли 1994 аввалин парвози кайҳоннаварди рус ба киштии кайҳонии Амрико сурат гирифт. Ин парвози Сергей Крикалев дар киштии Шаттл дар доираи парвози кайҳонии STS-60 буд. Дар орбитаи наздикии киштӣ, системаи вентилятсия аз кор баромад. Амрикоиҳо дастури возеҳе доштанд: хангоми аз кор баромадани киштӣ дарҳол бояд ба Замин хабар дода шавад ва пас аз он роҳнамоиро интизор шавед. Ҳангоме ки дар Хюстон ҳалли масъаларо фикр мекарданд, конденсат ба ях кардан оғоз кард ва дар ин дам коре кардан лозим буд.

Крикалeв ҳамрох шудан намехост. Вақте ки кайҳоннавардон аз ӯ пурсиданд: «Дар ин ҳол ту ба чӣ қарор меомадӣ?» – Сергей ҷавоб дод: «Таъмир мекардам киштиро» ва пас аз он гирифту таъмир карданро оғоз кард.

Сергей Крикалев - кайҳоннаварде, ки дар кайҳон "фаромӯш" шуд  Сергей Крикалев — кайҳоннаварде, ки дар кайҳон «фаромӯш» шуд                               1

Моҳи декабри соли 1990, Крикалев ба экспедитсияи нуҳуми истгоҳи Мир омодагӣ медид. «Союз ТМ-12» 19 майи соли 1991 бо фармони Анатолий Павлович Артсебарский ба сафар тайёр буд. Дар он муҳандиси парвоз Крикалев ва кайҳоннаварди бритониёӣ Хелен Шарман парвоз карданд. Пас аз як ҳафта, Шарман бо экипажи қаблӣ ба Замин баргашт. Крикалев ва Артсебарский бошад, дар Мир монданд. Дар давоми тобистон онҳо шаш парвози кайҳонӣ гузаронданд ва ҳамчунин якчанд таҷрибаҳои зиёди илмӣ гузарониданд. Ғайр аз он хизматрасонӣ дар истгоҳро машқ карданд.

Пеш аз парвози дуюми худ, ки моҳи майи соли 1991 бояд сурат мегирифт, Сергей Крикалев ҳатто гумон накарда буд, ки рӯйдодҳои рӯйи Замин, ӯро ба «нафари дарозумр дар кайҳон» табдил медиҳанд. 19 майи соли 1991, бо ҳайати экипажи Союз ТМ-12, вай ба парвози истгоҳи орбиталии Мир баромад. Экипажи экспедитсияи кайҳонӣ ҳама вазифаҳои парвозро муваффақона ба анҷом расонид ва ба хона баргаштан мехост. Аммо рӯйдодҳои моҳи август ба нақшаи парвоз тағйирот ворид кард. Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ як қатор дигаргуниҳои харобиоварро барои кишвари Русия ба вуҷуд овард. Буҷаҳои барномаҳои кайҳонӣ ба таври назаррас кам карда шуд, дар ҳоле ки ӯҳдадориҳо дар назди дигар кишварҳо дигаргун нагаштаанд. Дар доираи барномаи ҳамкориҳои байналмилалӣ кайхоннавардон аз Австрия ва Қазоқистон бояд ба кайҳон парвоз мекарданд. Дар нақша буд, ки онҳо дар ҳайати экипажҳои гуногун парвоз мекунанд, аммо дар он лаҳза, барои парвоз кардани ду киштии кайҳонӣ маблағи кофи набуд. Қарор дода шуд, ки парвозҳоро муттаҳид карда шавад ва як киштии кайҳонӣ ба мадори осмон баромад, ки дар дохили он барои бозгаштан ба Замин ба хама чойи кофӣ вуҷуд надошт.

Сергей Крикалев — кайҳоннаварде, ки дар кайҳон «фаромӯш» шуд                               2

Крикалев то расидани киштии навбатӣ маҷбур шуд, ки дар истгоҳи Мир интизор шавад. Ба ҷойи он ки 5 моҳи банақшагирифташудаи кор дар фазо, вай тақрибан шаш моҳи дигар дар мадор (кайҳон) кор кард. Умуман, кайҳоннаварди машҳури рус дар фазо монд, зеро мамлакати зуд пошхӯрда ба Робинзони нав имконияти бозгаштро дода натавонист. Крикалев аз СССР кори худро шурӯъ карда буд ва моҳи марти соли 1992 ба кишвари дигар — Русия баргашт. Барои ин парвоз Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ С.К.Крикалев нахустин астронавт, ки унвони Қаҳрамони Русия шуду бо медали «Ситораи тиллои»-и №1 сазовор гардид, ба ҳисоб меравад.

Моҳи октябри соли 1992 роҳбарияти NASA эълон кард, ки як астронавти рус бо таҷрибаи корӣ, бо киштии амрикоӣ ба кайҳон парвоз хоҳад кард. Крикалев яке аз ду номзаде шуд, ки Агентии кайҳонии Русия барои омӯзиш бо экипажи STS-60 фиристодааст. Крикалев дар парвози STS-60 иштирок кард — ин аввалин парвози муштараки Русияву Амрико бо киштии кайҳонӣ (киштии Discovery) мебошад. Парвози STS-60, ки 3 феврали соли 1994 оғоз ёфт, бо модули Spacehab (Space Habitation Module) дувумин ва бо дастгоҳи WSF (Wake Shield Facility) парвози аввал буд.

11 феврали соли 1994, киштии кайҳонии Discovery дар саросари Замин 5 486 215 километр парвоз карда, дар маркази кайҳонии ба номи Кеннеди (штати Флоридаи Амрико) фуруд омад. Крикалев аввалин кайҳоннаварди Русия буд, ки бо киштии кайҳонии Амрико парвоз кардааст.

Сергей Крикалев — кайҳоннаварде, ки дар кайҳон «фаромӯш» шуд                               3

Ҳангоми парвоз бо киштии кайҳонии амрикоӣ ҳодисаи фавқулодда ба вуқӯъ омад – электроникаи таъминкунандаи ҳаёт ва таъминкунандаи хаво аз кор монд. Бо вуҷуди эътирози ҷониби амрикоӣ ва пешниҳоди интизории киштии эҳтиётӣ аз Замин, кайҳоннаварди рус тавонистааст дастгоҳҳои кайҳониро барқарор ва аз нав фаъол кунад. Ин боиси ҳайрати ҳарду ҷониб, хам амрикоӣ ва хам русӣ гардид.

Пас аз парвози STS-60 Крикалев барои фаъолият кардан боз ба Русия баргашт. Вай мунтазам ба марказҳои кайҳонии Линдон Ҷонсон, вокеъ дар Хюстон ба сафари корӣ мерафт, то дар Маркази идоракунии парвозҳо бо Хадамоти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар вақти парвозҳои муштараки ИМА ва Русия кор кунад. Аз ҷумла, вай дар дастгирии парвозҳои STS-63, STS-71, STS-74, STS-76 ширкат меварзид.

Крикалев ба экипажи якуми Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ таъин карда шуд ва моҳи декабри соли 1998 аввалин шуда дар киштии «Индевор» бо як ҳадафи кӯтоҳмуддат ташриф овард.

Сергей Крикалев — кайҳоннаварде, ки дар кайҳон «фаромӯш» шуд                               4

Крикалевро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд ва ба ӯ офарин мехонанд (дар баъзе кишварҳо девораҳои пурраи осорхонавӣ, ки ба ин кайҳонавард бахшида шудаанд). Соли 1998 коргардони амрикоӣ Майкл Бэй филми «Армагеддон»-ро ба навор гирифт, ки дар он полковники кайҳоннаварди рус Лев Андропов дар карикатура намоиш дода шуда буд, ки дар як истгоҳи кайҳонӣ танҳо зиндагӣ мекунад.

Имрӯзҳо Сергей Крикалев ба ҳайси муовини якуми директори генералии Корхонаи Воҳиди Давлатии Федералии “Институти марказии илмӣ-таҳқиқотии мошинсозӣ” фаъолият мекунад ва пас аз Юрий Алексеевич Гагарин кайҳоннаварди шинохтатарини ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Cарчашма: bigpicture.ru