Ситораи «Аквамен» дар «Матрица» -и нав нақши асосиро мебозад

Ҳунарманди саршиноси амрикоӣ Яҳё Абдул-Матини II ба ҳайати ҳунарии қисми нави франшизаи тахайюлии «Матрица» ҳамроҳ шуд. Ҳунарпеша дар якҷоягӣ бо Киану Ривз ва Кэрӣ Энн Мосс нақши асосиро мебозад, ки ба қаҳрамонҳои офаридаи худ — Нео ва Тринитӣ бармегарданд.

Гуфта мешавад, Лана Вачовский, ки барои студияи Warner Bros навиштани филмнома ва таҳияи қисми чоруми филми «Матрица»-ро бар ӯҳда дорад, дар тӯли ҳафтаи гузашта ҳунарпешаро барои нақши асосӣ интихоб мекард, ки маълумотҳои вобаста ба ӯ ҳоло махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Тибқи овозаҳо, Абдул-Матин нақши Морфеуси ҷавонро бозӣ хоҳад кард, ки раҳбари матритсаи муқовимат ба тамоми инсоният ба ҳисоб меравад. Оё вай дар филми нав ба қаҳрамони худ бармегардад ё на, ҳанӯз маълум нест.

Ситораи «Аквамен» дар «Матрица»-и нав нақши асосиро мебозад  Ситораи «Аквамен» дар «Матрица»-и нав нақши асосиро мебозад        1

Яҳё Абдул-Матин II аллакай бо студияи Warner Bros дар лоиҳаи «Аквамен» ҳамкорӣ карда буд. Мо ӯро ҳамчунин дар филми даҳшатноки «Мы»-и Ҷордан Пил дида будем.

Дар навиштани филмномаи қисми чоруми «Матрица» ҳамроҳи Вачовский — Александр Хемон ва Дэвид Митчелл иштирок хоҳанд кард. Сужаи филм махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Студия ният дорад, ки истеҳсоли пурраи филми мазкурро дар моҳҳои аввали соли 2020 оғоз кунад.

Сарчашма: kinopoisk.ru