Порае аз филми «Терминатор: Темные судьбы» ба Интернет роҳ ёфт

Дар видеои ба забони испонӣ тарҷумашудаи филми «Терминатор: Темные судьбы» диққати асосӣ аз собиқадорони силсилафилм ба умеди нави инсоният Данӣ Рамос, ки нақши ӯро Наталя Рейес иҷро кардааст, гузошт. Маҳз барои ӯ шуда, аз оянда роботи нави қотил бо чеҳраи Габриэл Луна меояд, ки қаҳрамонони асосӣ дар трейлери мазкур бо ҳам муборизаи шадид мебаранд.

Порае аз филми «Терминатор: Темные судьбы» ба Интернет роҳ ёфт. ВИДЕО                      1024x683

Ҳаракатҳои филми нав чандин сол пас аз рӯйдодҳои «Терминатор 2» сурат мегирад. Сара Коннор шикорчии воқеии истилогарон гардид ва ҳоло ба нобуд кардани роботҳои қотил аз оянда машғул аст. Вай бовар дошт, ки чизи асосӣ ин аст, ки онҳо бояд Ҷонро дарёб накунанд, аммо акнун Данӣ Рамос пайдо шуд, ки аз зинда мондан е намондани ӯ низ тақдир ва сарнавишти тамоми инсоният вобаста аст. Ҳамроҳи вай, Грейси пурасрор, омехтаи мошину одам низ мубориза мебарад.

Сарчашма: kinopoisk.ru