Вохӯрии ду ҳунарманд: Том Круз бо Владимир Зеленский дидор намуд

Ҳунарманди маъруфи амрикоӣ Том Круз бо президенти Украина Владимир Зеленский дидор ва мулоқот намуд, то сабти филми навро баррасӣ кунад. Маҳз барои ҳамин ӯ ба шаҳри Киев парвоз намуд.

Чунонки нашрияи Hollywood Reporter дар такя ба хадамоти матбуоти президент гузориш медиҳад, Том Круз ба Владимир Зеленский гуфтааст, ки мехоҳад лаҳзае аз яке аз филмҳои нави худро дар Украина сабт намояд. Унвон ва сужаи лоиҳа номаълум боқӣ мондааст, аммо дар байни мухлисони ситораи Ҳолливуд овозаҳое пайдо шудааст, ки дар Украина мумкин аст қисми ҳафтуми филми «Миссия невыполнима» сабт шавад.

Вохӯрии ду ҳунарманд: Том Круз бо Владимир Зеленский дидор намуд

Том Круз ҳангоми мулоқот бо президенти Украина ҷинс ва курта ба бар карда буд. Аз рӯи баъзе наворҳое, ки дар шабакаҳо паҳн гардидааст, гуфтугӯ миёни ҳунармандон ба осонӣ сурат гирифт. Зеленский намуди зоҳирии Крузро хеле баланд арзёбӣ карда, қайд намуд, ки чанде пеш Украина бо мақсади ҷалби бештари лоиҳаҳои байналмилалӣ ба кишвар барои таҳиягарони филм системаи имтиёзҳои андозиро ҷорӣ кард.

Вохӯрии ду ҳунарманд: Том Круз бо Владимир Зеленский дидор намуд zel 0110 22