Тӯлонитарин парвози бефурудоӣ дар таърих анҷом дода шуд

Парвози ҳавопаймои Boeing 787-9 аз ширкати австралиягии Qantas тӯлонитарин парвози бефуруд дониста шуд.

Сафари «Ню-Йорк – Сидней» 19 соату 14 минут тӯл кашид.

Рӯзи 19 октябр ҳавопаймо дар фурудгоҳи байналмилалии Сидней соати 7:49 субҳ бо вақти маҳаллӣ, 37 дақиқа дер фуруд омад, тайёра 16 ҳазору 309 километрро тай кард.

Мувофиқи маълумоти ширкати Qantas, дар ҳавопаймо 49 мусофир ва аъзоёни экипаж қарор доштанд. Ҳавопаймоҳои муосир наметавонанд чунин парвозҳои дарозмуддатро бо пурборӣ анҷом диҳанд, аз ин рӯ мусофирони ин тайёра кам буд.

Дар ширкати ҳавопаймоӣ зикр намуданд, ки парвоз дар доираи озмоиш гузаронида шуд, ки як қисми лоиҳаи роҳандозии парвозҳои мустақими Sunrise дар шаҳрҳои Лондон ва Ню-Йорк мебошад. Дар ҷараёни парвоз табибон мусофиронро барои муайян кардани чигунагии муддати зиёд будани онҳо дар ҳаво ва тағйири минтақаҳои замонӣ ба саломатияшон ташхис намуданд.

Аз ин пештар тӯлонитарин парвози бефуруд аз Нюарка (Ню-Ҷерсӣ, ИМА) ба Сингапур буд, ки он 18 соату 50 дақиқаро ташкил дода буду масофааш 15 ҳазору 345 километрро дар бар мегирифт.

Аввалин парвози ҳавопаймои ғайритиҷоратӣ дар таърих соли 1986 сабт шудааст, ки ҳавонаварди (пилоти) “Вояҷер” дар тӯли 9 рӯз, 3 дақиқа ва 44 сония — 40 ҳазор километрро тай кардааст.

Сарчашма: esquire.ru