Warner Bros. дар ҷустуҷӯи Неои ҷавон барои

Киностудияи Warner Bros. барои офаридани персонажи Нео аз филми тахайюлии (фантастикии) «Матрица 4», ҳунарпешаи ҷавону боистеъдодро меҷӯяд. Дар ин бора нашрияи Comic Book дар такя ба хабарнигор Ҷастин Кролл менависад, ки яке аз аввалинҳо шуда, дар бораи омодагӣ ба сабти ин лоиҳа хабар дод.

То чӣ андоза ин қисмат муҳим хоҳад буд, ҳоло маълум нест, зеро сужаи қисми чорум ҳанӯз мушаххас нашудааст. Намояндагони студия дар бораи ҷараёни озмуни интихоби ҳунарпешаҳо ва омодагӣ ба сохтани тасвир изҳори назар намекунанд.

Коргардони филм Лана Вачовскӣ таъйин шудааст, ки рӯи се қисми аввалини ин силсилафилм кор кардааст. Ба гуфтаи вай, бисёр идеяҳо, ки бист сол пеш комилан афсонавӣ буданд, ҳоло ба як воқеият табдил меёбанд. Кэррӣ-Энн Мосс, ки нақши Тринитиро бозидааст ва Киану Ривз, ки Неоро нақшофарӣ мекунад, боз ба офаридани персонажҳои худ бармегарданд.

Ҷадвали наворбардорӣ ва макони ҷойгиршавӣ ҳанӯз мушаххас карда нашудааст. Эҳтимол, гурӯҳи эҷодкорон дар нимаи аввали соли 2020 ба филмбардорӣ дар майдонҳои зарурии худ оғоз кунанд ва тамошобинон филми мазкурро на дертар аз соли 2021 дида баҳо диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки филми «Матрица» соли 1999 ба намоиш гузошта шуда, ба яке аз лоиҳаҳои бунёдгузор барои тамоми жанрҳо табдил ёфтааст.

Сарчашма: kinonews.ru