Warner Bros. “Ҷокер”-ро барои Оскар 2020 дар ҳама категорияҳо пешбарӣ хоҳад кард

Киностудияи Warnеr Bros. тасмим гирифтааст ҷоизаи “Оскар-2020”-ро барои филми «Ҷокер» тақрибан дар ҳамаи категорияҳои асосӣ ба даст орад. Рӯйхати онҳо аз ҷониби нашрияи Comic Book ҷобаҷогузорӣ карда мешавад. Эҳтимол аст, ки филми мазкур дар номинатсияҳои «Беҳтарин филм», «Беҳтарин коргардон» (Тодд Филлипс), «Беҳтарин нақши мардона» (Ҷоакин Финикс), «Беҳтарин нақши мардонаи дуюмдараҷа» (Роберт Де Ниро), «Беҳтарин нақши занонаи дуюмдараҷа»(Зази Биттс) номзадии худро мегузорад.

Студия инчунин дар ҳама категорияҳои техникӣ низ довталабиро аз даст доданӣ нест: аз «эффектҳои беҳтарин» то «беҳтарин таҳрир». То чӣ андоза воқеӣ будани ин нақшаҳои номбаршуда санаи 13 январи соли 2020, ҳангоми муаррифии довталабон барои Оскар-2020 маълум хоҳад шуд.

Филми «Ҷокер» аллакай ҷоизаи фестивали Венетсиягиро ба даст овардааст ва инчунин сердаромадтарин лоиҳаи ҷаҳонӣ гардид. Ғайр аз ин гуфтаҳо филм боз дар намоиши амрикоӣ ба рейтинги R сазовор гардидааст. Интизор меравад, ки пардохтҳои ниҳоии ҷаҳонии ӯ аз 900 миллион доллар зиёд мешаванд.

Сарчашма: https://www.kinonews.ru/news_90145/