Warner Bros. нахустнамоиши филми

Киностудияи Warner Bros. реҷаи рӯзи намоиши филми пурраметражи «Том и Джерри»-ро дигар намуд, ки дар асоси силсилаи аниматсионӣ омода хоҳад шуд.  Тавре нашрияи Thе Hollywood Reporter хабар додааст, ба ҷойи 16 апрели соли 2021, ки ин санаи намоишро студия пештар нашр намуда буд, намоиши он ба рӯзи 23 декабри соли 2020 гузошта шуд.

Сабаби ин тағйирот то ҳол мушаххас нагардидааст. Дар ҳамон рӯз барои филми “Том и Джерри” рақибони мустақим вуҷуд надорад, аммо санаи 18 декабри ҳамон сол, блокбастери сернуфузи “Дюна” ба фурӯш мебарояд.

Тим Сторӣ, ки офарандаи филми «Фантастическая четверка» мебошад, дар ин лоиҳа ба ҳайси таҳиягари филм баромад мекунад. Нақшҳои марказиро Хлоя Грейс Моретс, Майкл Пеня, Кристина Чонг, Брайан Степанек, Вонг Чарлӣ, Колин Жост ва дигарон хоҳанд офарид. Амалҳои саҳнавии он дар меҳмонхонаи гаронбаҳотарини Ню-Йорк наворбардорӣ мегардад. Қаҳрамони асосӣ дар маросими арӯсияш, ки бояд дар меҳмонхона баргузор шавад, аз мӯши часпаки ҳамсаршавандааш халос шавад.

Ёдовар мешавем, ки силсилаи кӯтоҳи «Том и Джерри» аз ҷониби аниматорҳо Уилям Ханна ва Ҷозеф Барбера дар солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудаанд.

Сарчашма: kinonews.ru