Зани бехона дар метро ҳунарнамоӣ карду машҳур шуд

Дар охири моҳи сентябри имсол, дар саҳифаи твиттери пулиси Лос-Анҷелес навори видеоие бо зани бехона пайдо шуд, ки арияи операи «Ҷаннӣ Скиккӣ»-и оҳангсози итолиёӣ Ҷакомо Пуччиниро иҷро мекунад.

“4 миллион нафар Лос-Анҷелесро хонаи худ меноманд. 4 миллион таърих, 4 миллион овоз. Баъзан танҳо лозим аст, ки истед ва яке аз онҳоро шунавед — ва чизи хуберо бишнавед», — гуфта шудааст дар шарҳи наворе, ки онро беш аз як миллион бор тамошо кардаанд.

Қаҳрамони ин навор сокини 52-солаи Иттиҳоди Шӯравӣ Эмилӣ Замурка мебошад, ки дар аввали солҳои 90-ум ба Амрико муҳоҷират кардааст ва ҳоло дар кӯча мондааст. Вай ҳоло ситораи Амрико аст ва шояд ба наздикӣ албом сабт кунад.

Чанде пас аз пахши ин навор Эмилӣ ба худ диққати рӯзноманигоронро ҷалб намуд. Зан дар мусоҳиба бо нашрияи The Los Angeles Times гуфт, ки аз хурдсолӣ мусиқиро дӯст медошт ва дар солҳои мактабхонӣ дар Русия навохтани скрипка ва фортепианоро омӯхтааст. Замурка ба Амрико дар синни 24-солагӣ кӯч мебандад. Даҳ соли аввал дар иёлати Миссурӣ зиндагӣ ва дар он ҷо дар тарабхонаҳо ва хонаи пиронсолон кор мекард ва баъдтар ба Вашингтон кӯчид ва ба мусиқӣ баргашт ва дар калисои он ҷо дарси мусиқӣ медод. «Донишҷӯён хушҳол буданд», — ба ёд меоварад Замурка.

Пасон саломатияш бад шуду ба дунболи он мушкилиҳои молӣ оғоз ёфтанд. Эмилӣ ба Лос-Анҷелес кӯчиду дар он ҷо ба таълим додан шурӯъ кард. Бо вуҷуди кумаки дӯсташ, маблағ кофӣ набуд ва Замурка гоҳ-гоҳ дар кӯча ҳунарнамоӣ менамуд. Аммо баъд скрипкаи ӯро дуздиданд. Душвориро бартараф карда натавониста зан дар кӯча монд ва ба $400 доллар ёрдампулӣ зиндагӣ мекунад.

Замурка дар аввал вақте ки корманди пулис ӯро ба навор гирифт, тарсид ва аз ӯ хоҳиш кард, ки ин наворро дар ягон ҷо пахш накунад. Аммо пулис ӯро гӯш накард – дар натиҷа вай машҳур шуд.

Сокинони шаҳрҳои гуногуни Амрико ба Эмилӣ пул фиристоданд. То рӯзи 3-юми октябр, дар GoFundMe тақрибан 60,000 доллар ҷамъоварӣ намуданд. Гузашта аз ин Замурка ҷойи кор пайдо кард — ба ӯ пешниҳод намуданд, ки дар яке аз консертҳои мусиқии итолиёӣ дар Лос-Анҷелес бисарояд.

Эҳтимол ӯ ҳатто албом сабт кунад. Тавре нашрияи TMZ хабар медиҳад, продюсер Ҷоэл Даймонд, ки ду маротиба ба ҷоизаи бонуфузи Грэммӣ пешбарӣ шудааст ва бо санъаткороне чун Дэвид Хасселхоф ва Энгелберт Хампердин ҳамкорӣ кардааст, бо Эмилӣ суҳбат намудааст. Тибқи иттилои нашрия, ӯ пешниҳод кардааст, ки дар мусиқии классикӣ ва электронӣ албом сабт кунад ва онро «Биҳишт» (Paradise) ном диҳад.

Замурка пешниҳоди ӯро қабул кард ё не, ҳанӯз маълум нест, аммо як чиз аниқ аст: зан имконият пайдо кард, ки ба ҳаёти нав оғоз бахшад. Дар навор ӯ корманди пулис

миннатдорӣ мекунад, ки ба вай ин имкониятро дод:

Сарчашма: esquire.ru