Биллӣ Айлиш барои кӯдакон либос офарид

Овозхони ҷавони амрикоӣ Биллӣ Айлиш хатти либосҳои худашро барои кӯдакон ба роҳ монд. Дар ин бора вай дар саҳифаи инстаграми худ бо нашри аксу видео бо даҳҳо писараку духтараки хурдсол, ки футболка ва шортҳои якхелаи ҳаммонанди либоси саҳнавии Айлиш ба бар карданд, хабар дод.

Дар хат ҳамчунин свитшотҳо, юбкаҳо, ҷӯробҳо, сарпӯшҳо ва кафшҳои варзишӣ ҷой гирифтааст. Коллексияи мазкур барои кӯдакони аз 4 сола боло омода ва аллакай ба фурӯш гузошта шудааст ва аз 6 декабри соли ҷорӣ дар сомонаи расмии сароянда харидан мумкин буда, айни ҳол ҳама чиро пешакӣ фармоиш додан имконпазир аст.

Сарчашма: intermedia.ru