Бозгашт: Ҷоннӣ Депп филми

Киностудияи Warner Bros. аз рӯи нақшаҳои худ бояд қисми сеюми филми «Фантастические твари»-ро ба навор бигирад. Тавре нашрияи Deadline хабар медиҳад, тибқи реҷаи тасдиқгардида, киностудия сабти филмро баҳори соли 2020 бояд оғоз кунад.

Бояд ёдовар шавем, ки офарандагони нақши асосӣ дар ду қисми аввал Ҷонӣ Депп буд ва дар назар аст, ки дар қисми навбатӣ низ ӯ ҳунарнамоӣ намояд. Инчунин маълум гардид, ки аҳамияти нақши занонаро, ки дар қисми дуюм онро ҳунарпеша Ҷессика Уилямс офарида буд, ба нақшҳои марказӣ ворид мекунанд. Таҳиягари филм дар қисми навбатӣ боз Дэвид Йэтс аст, ки филмро бояд аз рӯи филмномаи Ҷ.К. Роулинг ба навор бигирад. Ҳаракатҳои саҳнавии лоиҳа дар Рио-де-Жанейро наворбардорӣ карда мешавад.

Фантастических тварей 3  Бозгашт: Ҷоннӣ Депп филми «Фантастические твари 3»-ро рангинтар хоҳад кард                                           3

Хотиррасон мешавем, ки аз рӯи хабарҳои дар аввал пешниҳодшуда, наворбардориҳо бояд соли 2019 шурӯъ мешуданд, вале баъдан санаи оғози кор ба мӯҳлати номуайян гузошта шуд. Иштироки Ҷоннӣ Депп низ дар ҳоли баррасӣ қарор дошт.

Нахустнамоиши филми «Фантастические твари и где они обитают 3» моҳи ноябри соли 2021 дар назар дошта шудааст.

Сарчашма: kinonews.ru