Киностудияи Sony Pictures Animation санаи намоиши филми тасвирии «Человек-паук: Через вселенные»-ро нашр намуд.

Тавре дар саҳифаи расмии ширкат дар Twitter хабар дода шудааст, лоиҳа 8-уми апрели соли 2022 ба тамошобинон дастрас мегардад.

Таҳиягари филми аниматсионии «Человек-паук: Через вселенные 2» Хоаким Дос Сантос, яке аз офарандаҳои силсилафилми «Аватар: Легенда об Аанге» ва «Вольтрон: Легендарный защитник» мебошад. Сужаи тасвир ҳоло маълум нашудааст.

«Человек-паук: Через вселенные» ба намоиш омодагӣ мебинад 2

Хотиррасон мегардем, ки қисми аввалини лоиҳаи мазкур соли 2018 ба тамошобинон пешниҳод гардида буд. Он якчанд ҷоизаҳои касбии соҳаи синаморо ба даст овард, аз ҷумла ҷоизаи «Оскар» ва «Золотой глобус»-ро барои филми тасвирии беҳтарини сол сазовор гардидааст. Пулҳои бадастовардаи филм тақрибан 400 млн долларро ташкил намуд.

Нақши марказиро дар он наврас Майлз Моралес мебозад. Ӯ дорои қобилиятҳои ғайриодӣ мебошад, ки онро барои ҳифзи истиқоматкунандаҳои шаҳр истифода мебарад. Бояд ӯ дар назар дошта бошад, ки на танҳо вай чунин қобилиятро дораду либоси қаҳрамониро ба бар карда метавонад.

Ба персонажҳои филми тасвирӣ Ҷэйк Ҷонсон, Хейлӣ Стайнфелд, Махершала Алӣ, Брайан Тайрӣ Генрӣ, Лилӣ Томлин, Лорен Велес, Зоӣ Кравитс, Ҷон Малэнӣ, Николас Кейҷ ва дигарон овоз додаанд.

Сарчашма: kinonews.ru