Фестивали филмҳои “Висла” барои бори ҳафтум дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Намоиши филмҳо аз санаи 8-уми ноябр, соати 17:00 дар толори синамои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” шурӯъ мегардад.

Бино ба иттилои сомонаи “Тоҷикфилм”, имсол филмофарони лаҳистонӣ барои тамошобини тоҷик беш аз 8 филми гуногунжанрро ба армуғон овардаанд. Барнома бо филми «Эскадриля 303. Достони воқеӣ» оғоз гардида, сипас филми мазҳакавии «Юлиуш» намоиш дода мешавад. Дар қатори филмҳои ҳунарӣ як филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Говҳои шиновари деҳотӣ” ба намоиш гузошта мешавад.

Кишвари Лаҳистон (Полша) дар дақтақаи Аврпо аз ҷиҳати истеҳсоли филм дар радифи Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса қарор мегирад.

Намоиши филмҳо ройгон буда, дар бинои «Тоҷикфилм» дар рӯ ба рӯи Маркази савдои «Ашан» доир мегардад.

Барномаи фестивал чунин аст:

8 ноябр, ҷумъа
17:00 — «ЭСКАДРИЛЯ 303. ДОСТОНИ ВОҚЕӢ»
коргардон Денис Делич, Лаҳистон, 2018, драмаи таърихӣ, 99 дақ.

9 ноябр, шанбе
10:00 — «БОШГОҲИ ОВОРАҲО»
коргардон Томаш Шафранский, Лаҳистон, 2015, мазҳака,
моҷароӣ, 98 дақ.
16:00 — «ГОВҲОИ ШИНОВАРИ ДЕҲОТӢ»
коргардон Катажина Тшаска, Лаҳистон, 2018, ҳуҷҷатӣ, 78 дақ.

10 ноябр, якшанбе
16:00 — «ЮЛИУШ»
коргардон Александр Петшак, Лаҳистон, 2018, комедия, 97 дақ.

11 ноябр, душанбе
16:00 — ФИЛМҲОИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ РАДИО ВА
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲИ СИЛЕЗИ ШАҲРИ КАТОВИС
«Муштарии охирин», коргардон Анна Урбанчик, 2018, 20 дақ.
«Ман ҳам бароят чизе дорам», коргардон Иво Кондефер, 2018, 20 дақ.
«Элизабет»,коргардон Войсех Клималя, 2018, 24 дақ.

12 ноябр, сешанбе
16:00 — «КАК КОШКА С СОБАКОЙ»
коргардон Януш Кондратюк, Лаҳистон, 2018, драма, 100 дақ.

13 ноября, среда
16:00 — «МАНОРА. РӮЗИ РАВШАН»
коргардон Ягода Шелтс, Лаҳистон, 2017, драма, 106 дақ.

14 ноября, панҷшанбе
17:00 — «АФВ»
коргардон Ян Якуб Колский, Лаҳистон, Чехия, 2018, драма, 100 дақ., 18+