Дар ИДМ фестивали ҳаммонанди “Евровидение” баргузор мегардад

Аввалин ҷашнвора ё худ фестивали мусиқии машҳур, ки кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид дар он иштирок намуда метавонанд, соли 2020 дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон баргузор мегардад.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» дар такя ба оҳангсоз ва ҳунарманди мардумии Русия Игор Крутой хабар додааст.

Ба гуфти Игор Крутой, чунин фестивали нахустин аллакай соли дигар ба кор шурӯъ мекунад. «Ҳоло дар бораи лоиҳаи мазкур сухан гуфтан барвақт аст, вале ингуна тасмим ҳаст, — мегӯяд овозхон. — Ин чорабинӣ дар Алмато баргузор мегардад».

«Дастаи кории ман айни замон аз рӯи ин мавзӯъ кор карда истодааст, бо коргардонҳои лоиҳа ва бо гурӯҳҳои таҳиягарон ҳамсӯҳбат шуда истодаем, то ин ки ҳамаи корҳои дар нақшабуда ба таври аслӣ омода карда шавад», — гуфтааст Игор Крутой.

Оҳангсоз хотиррасон гардид, ки идеяи пешниҳоди чунин фестивал бори аввал нест, ки ба сари ӯ меояд.