Дар Тоҷикистон чемпионати CAFA-2019 миёни дастаҳои олимпии занона оғоз мегардад

Пагоҳ, 22 ноябр дар Тоҷикистон чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои олимпии занонаи то 23-сола оғоз мегардад.

Дар чемпионат, ки аз 22-ум то 28-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ва Ҳисор баргузор мешавад, дастаҳои занонаи олимпии шаш кишвар — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат меварзанд.

Дар маҷмӯъ, 15 бозӣ дар доираи чемпионати занонаи CAFA-2019 баргузор мешавад. Мусобиқа дар як системаи даврӣ доир мегардад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи зиёди холҳои ҷамъшуда муайян карда мешавад.

Дастаи мунтахаби занонаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии ибтидоии худро дар чемпионат рӯзи 22-уми ноябр бо тими Эрон баргузор мекунад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе, соати 17:00 барпо мегардад.

Дар Тоҷикистон чемпионати CAFA-2019 миёни дастаҳои олимпии занона оғоз мегардад  Дар Тоҷикистон чемпионати CAFA-2019 миёни дастаҳои олимпии занона оғоз мегардад CAFA Womens2 1024x683

Чемпионати CAFA-2019 миёни дастаҳои олимпии занона (U-23)

Даври 1-ум

22 ноябр (ҷумъа)

14:00 – Ӯзбекистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии Ҳисор

14:00 – Афғонистон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе

17:00 – Эрон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе

 

Даври 2-юм

23 ноябр (шанбе)

14:00 – Эрон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии Ҳисор

14:00 – Ӯзбекистон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе

17:00 – Тоҷикистон — Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе

 

Даври 3-юм

25 ноябр (душанбе)

14:00 – Тоҷикистон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии Ҳисор

14:00 – Қирғизистон – Эрон. Варзишгоҳи марказии Душанбе

17:00 – Туркманистон – Ӯзбекистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе

 

Даври 4-ум

26 ноябр (сешанбе)

14:00 – Ӯзбекистон – Эрон. Варзишгоҳи марказии Ҳисор

14:00 – Афғонистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе

17:00 – Туркманистон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе

 

Даври 5-ум

28 ноябр (панҷшанбе)

14:00 – Тоҷикистон – Ӯзбекистон. Варзишгоҳи марказии Ҳисор

14:00 – Қирғизистон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе

17:00 – Эрон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе

Сарчашма: fft.tj