Дар Тоҷикистон Ҷашнвораи филмҳои “Лолаи тиллоӣ” оғоз ёфт

Дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ” ба кори шурӯъ намуд. Маросими ифтитоҳи он дирӯз, 25-уми ноябр дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар, роҳбари Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Носир Раҳмон ва аъзои ҳакамони ватанӣ ва ҷаҳонӣ аз кишварҳои Фаронса, Қирғизистон ва Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар Тоҷикистон Ҷашнвораи филмҳои “Лолаи тиллоӣ” оғоз ёфт  Дар Тоҷикистон Ҷашнвораи филмҳои “Лолаи тиллоӣ” оғоз ёфт

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ҷашнвораи “Лолаи тиллоӣ” имсол нахустин бор дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, ҳадафи он ҳавасманд гардонидани беҳтарин намунаҳои синамои тоҷик ва тарғиби онҳо дар дохилу хориҷи кишвар мебошад.

Дар поёни маросим филми “Падари маҳтобӣ”-и коргардон Бахтиёр Худоназаров (1999) ба намоиш гузошта шуд.

Дар Тоҷикистон Ҷашнвораи филмҳои “Лолаи тиллоӣ” оғоз ёфт  Дар Тоҷикистон Ҷашнвораи филмҳои “Лолаи тиллоӣ” оғоз ёфт          1

Бояд гуфт, ки давоми 6 рӯз дар ин ҷашнвора филмҳои тоҷикӣ намоиш дода мешавад. Рӯзи охир, 1-уми декабр ба ғолибон диплом ва ҷоизаҳо супорида мешавад.

“Лолаи тиллоӣ” лоиҳаи озмоишии маркази фарҳанги “Бактрия” дар соҳаи синамогарӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дастгирӣ ёфт.

Дар Тоҷикистон Ҷашнвораи филмҳои “Лолаи тиллоӣ” оғоз ёфт  Дар Тоҷикистон Ҷашнвораи филмҳои “Лолаи тиллоӣ” оғоз ёфт                         1

Барномаи филмҳо дар доираи Ҷоизаи Миллии «Лолаи Тиллоӣ».

Макон: КИНОТЕАТРИ «ВАТАН»:

Санаи намоиши филмҳо: аз 25 ноябр то 1 декабр

25.11.2019 соати 11:00
«Стрим» (2018, 18 дақ.) Коргардон: Фирӯз Ҳасанов, Фирдавс Ҳасанов.
«Умар ако» (2019, 30 дақ.) Коргардон: Далер Имомалӣ.

26.11.2019 соати 11:00
«Хонаи куҳна» (2018, 11 дақ.) Коргардон: Зарина Хоҷимуродова, Олеся Соина.
«Ҳаворӣ 2019» (2018, 29 дақ.) Коргардон: Шоҳҷамшед Умарӣ.

27.11.2019 соати 11:00
«Некӣ» (2018, 12 дақ.) Коргардон: Муҳаммадрабӣ Исмоилов.
«Дуғоб» (2018, 35 дақ.) Коргардон: Зайнолобуддин Мусо.

28.11.2019 соати 11:00
«Хонаи меҳр» (2018, 10 дақ.) Коргардон: Бобоҷон Муҳтоҷиён.
«Аз баландии парвоз» (2019, 28 дақ.) Коргардон: Акмал Восидӣ.

29.11.2019 соати 11:00
«Дунё» (2018, 6 дақ.) Коргардон: Одина Маҳмад
«Хеле ҳам одами эҳтиёткор» (2018, 37 дақ.) Коргардон: Ҳусейн Азизов.

30.11.2019 соати 11:00
«Чарху фалак» (2018, 15дақ.) Коргардон: Беҳрӯз Давлатбеков.
«Пудина» (2018, 13 дақ.) Коргардон: Таҳмина Ҳакимова.
«Проектор» (2018, 13 дақ.) Коргардон: Муҳаммадрабӣ Исмоилов.
30.11.2019 соати 15:00
«Рақси зиндагӣ» (2018) Коргардон: Муҳаббат Сатторӣ.

1.12.2019 в 11:00
«Ганҷ» (2018, 25 дақ.) Коргардон: Меҳрубон Маликов.
«Инъикос» (2018, 12 дақ) Коргардон: Рустамов Ҷумъа.
«Умед» (2018) Коргардон: Дилошӯб Орифзода.

Даромад ба ҳамаи намошҳо ройгон аст.