Намоиши ватании филми фантастикии «Доктор Сон», идомаи филми эҷоднамудаи Стивен Кинг «Сияние» ба ҳисоб меравад ва эҳтимол аст, ки он аз филми машҳури «Терминатор: Темные судьбы» дида даромади зиёдтарро ба даст орад. Дар ин бора пешгӯиҳои нашрияи Deadline хабар додааст.

Гумон меравад, ки нахустнамоиши филм аз 25 то 30 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Хотиррасон мегардем, ки филми «Доктор Сон» аз ҷониби мунаққидони соҳаи синамо (кинокритикҳои) ғарбӣ баҳои баланд гирифтааст. Ҳангоми интишори ин ёддошт, рейтинги ӯ дар системаи портали Rotten Tomatoes 73 фоизро ташкил мекард. Худи Стивен Кинг, ки аз қисми аввали филм дилгарм набуд, иддао кард, ки дар қисми навбатӣ «тамоми иштибоҳҳои худро ислоҳ карда метавонад».

Навор ду соату сию ду дақиқаро дар бар мегирад. Нақшҳои марказиро дар филм Ребекка Фергюсон, Юэн МакГрегор, Ҷейкоб Тремблэ, Занн МаКларнон, Эмилӣ Элин Линд, Карел Стрейкен, Брюс Гринвуд, Челсӣ Толмеҷ, Клифф Кертис ва дигар ҳунармандони шинохта меофаранд.

Сужаи филм дар бораи ба воя расидани Дэннӣ Торренса нақл мекунад. Ӯро зарур меояд бо истеъдоди ғайриодии худ сабр намояд.

Сарчашма: kinonews.ru.