Доналд Трамп Қасри сафедро ба кинотеатр “табдил” дод

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Қасри сафед намоиши махсуси филми «Ҷокер»-ро баргузор кард. Тибқи иттилои Yahoo, дар ин намоиш аъзои оила ва дӯстони сарвари ин кишвар ширкат доштанд. Ба гуфтаи шоҳидони дар он ҷо ҳузурдошта, филм ба Трамп писанд омадааст.

Хотиррасон мегардем, ки Трамп мухлиси пуртаҷрибаи синамо мебошад. Дар ҳавопаймои хусусии худ ӯ як кинотеатр дорад, ки дар вақти парвоз филмҳои навро тамошо мекунад. Вай инчунин дар филмҳои мухталиф иштирок намудааст. Яке аз чунин филмҳо мазҳакаи “Один дома 2: Затерянный в Нью-Йорке” мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки филми «Ҷокер»-и студияи DC яке аз лоиҳаҳои сердаромадтарин ба ҳисоб меравад, ки дар намоишҳои дохили Амрико дар рейтинги R зинаи намоёнро ишғол намудааст. Даромади ҷаҳонии он зиёда аз як миллиард долларро ташкил медиҳад. Маҳсули эҷодкорон сазовори ҷоизаи асосии Ҷашнвораи филмҳои Венетсия — «Шери тиллоӣ» гардидааст.

Cарчашма: kinonews.ru