Дуа Липа таронаи нави худро нашр намуд

Овозхони мумтози бритониёӣ Дуа Липа тарона ва клипи «Don’t Start Now» пешниҳоди мухлисон кард.

Навори оҳанг аз ҷониби коргардон Набил Элдеркин бардошта шудааст. Он аз он оғоз мешавад, ки сарояндаи бритониёӣ телефони касеро мегирад, ки ӯро бо он ба навор мегиранд ва ба замин зада мешиканад. Баъд аз ин амали клип панҷ соат пеш бармегардад, вақте ки Дуа ва дӯстонаш хурсандӣ мекунанд: дар бар, дар дискотека, дар шабнишинии ниқобӣ, ки он ҷо ӯро беист ба навор мегиранд, ҳатто ҳангоми ташриф ба ҳоҷатхона.

Рӯзи 3-юми ноябр Липа бо ин таронаи нав дар маросими ҷоизасупории MTV EMA 2019 дар Севилйе ҳунарнамоӣ кард.