Эд Ширан ва Stormzy боз якҷоя сароиданд (Видео)

Нахустнамоиши суруди Stormzy «Own It» рӯзи 22 ноябри соли 2019 ба мухлисону ҳаводоронаш пешниҳод гашт. Ин кори дуюми муштараки ӯ бо Эд Ширан ба ҳисоб меравад. Суруди аввал «Take Me Back to London» аз албоми «No.6 Collaborations Project»-и Эд мебошад. Дар сабти «Own It» инчунин репсаро Burna Boy иштирок ва ҳунарнамоӣ кардааст.

Суруди навбатии муштараки ин ҳунармандон ба албоми Stormzy, ки «Heavy is the Head» ном дорад, ворид мешавад. Ин албом 13 декабри соли ҷорӣ ба мухлисони санъати мусиқӣ пешкаш мегардад.

Сарчашма: intermedia.ru