Сардори ширкати амрикоии Tesla Илон Маск дар қисмати сеюми мавсими чоруми силсилафилми тасвирии “Рик ва Мортӣ» ба нақши худ овоз дод. Соҳибкор ҳанӯз соли 2017 гуфта буд, ки ин намоишро дӯст медорад.
Elon Musk doing a voice acting cameo as Elon Tusk on Rick & Morty is the most Rick & Morty shit ever #RickandMorty pic.twitter.com/WFrLrOzrFk
— HanukkahHat Revere🌹 (@HanukkahHat) November 25, 2019
Илон Маск дар силсилафилми аниматсионӣ Илон Таск ном дорад ва ширкате, ки ӯ идора мекунад, Tuskla номида мешавад (зоҳиран, калимабозист, ки аз Tesla ва Tusk сохта шудааст). Дар ин воқеияти алтернативӣ ихтироъкор ҳамчунин оҷ мебарояд. Аз рӯи сужа Рик ва Мортӣ барои кумак дар дуздӣ дар услуби «Одиннадцати друзей Оушена» ба Таск муроҷиат мекунанд.
Ҳанӯз моҳи феврали соли 2019 Илон Маск номи саҳифаи твиттери худро ба «Илон Таск» иваз кард. Он гоҳ соҳибкор гуфт, ки «ҳазл» карда буд, аммо ба назар чунин менамояд, ки вай бо ин амали хеш ба иштироки худ дар «Рик ва Мортӣ» ишора намуд.