Facebook аз роҳандозии системаи пардохтии нави Facebook Pay хабар дод

Ширкати Facebook барои пардохт ва интиқол додани пулҳо системаи пардохти онлайнии Facebook Pay-ро дар дохили шабакаҳои иҷтимоӣ ва замимаҳои Messenger, WatsApp ва Instagram роҳандозӣ кард.

«Одамон чандест, ки барои пардохт кардани харидҳо, анҷом додани хайрияҳо ва фиристодани маблағ ба ҳамдигар аз замимаҳои мо истифода мебаранд. Facebook Pay дар баробари ҳифзи иттилооти пардохтии шумо коратонро осон менамояд”, — мегӯяд ширкат.

Ширкат бар ин бовар аст, ки хидматрасонии нав ба шарофати махфӣ нигаҳ доштани маълумотҳои корт ва суратҳисобҳои бонкӣ ва пайгирии амалиёти қаллобӣ – пардохтҳоро бехатар мегардонад. Истифодабарандагони хидматрасонӣ метавонанд ПИН-код ё ин ки маълумотҳои биометрии худ – изи ангуштонро истифода кунанд.