Филми ҷангии

Филми ҷаҳонии «Мидуэй», ки онро коргардони олмонӣ Роланд Эммерих ба навор гирифтааст, ҳафтаи гузашта дар намоиши амрикоӣ ба зинаи намоён баромад. Он бо натиҷаи ба даст овардани 17,5 миллион доллар ҷойи аввалро соҳиб шуд. Пешгӯиҳои қаблӣ навори мазкурро бо ҷамъоварии 12-14 миллион доллар арзёбӣ карда буданд.

Ҷойи дуюм ба таври ногаҳонӣ насиби сиквели филми «Сияние» бо номи «Доктор Сон» гашт. Чанде қабл ин филм ҳамчун навори беҳамто қадрдонӣ карда шуд. Лоиҳаи студияи Warner Bros. тавонист танҳо 14,1 миллион долларро ба даст орад, дар ҳоле ки мувофиқи пешгӯиҳо нахустнамоиши уик-энд метавонад аз 25 миллион доллар зиёдтар бошад.

«Доктор Сон» ҳамчунин диққати тамошобинони берун аз Амрикои Шимолиро низ ба даст овард. Дар намоиши байналмилалӣ филм тавонист 13,1 миллион долларро дар 70 намоиши худ ҷамъоварӣ намояд. Маблағи умумии намоишҳо 34 миллион долларро ташкил намуд.

Сарчашма: kinonews.ru