Гурӯҳи

Гурӯҳи овозадори «Авесто» тарона ва намоҳанги тозаэҷоди хешро пахш кард.

Оҳанг “Ғами дил” ном дошта, дар саҳифаи “Avesto Tajikistan” дар шабакаи YouTube нашр гардид.

Матни тарона чунин аст:

Бе ту шабҳо ғарқи ғамҳоям ман,

Шабу рӯз дардбедавоям ман.

Дилро пурхун кардӣ,

Болу пар шикастӣ,

Рафтӣ зи бари ман

Ҳарфе ҳам нагуфтӣ.

 

Нақарот:

Мегузарад ғами дилам

Агар туро мебинам ман,

Аз ту хабар ман надорам,

Биё, биё ҷону дилам.

 

Ай бевафо, озори ман то кай?!

Ғамона тоқатшикан то кай?!

Нахоҳам умри ман хазон бошад бе ту,

Биё канори ман, ҷон меравад бе ту.

 

Нақарот:

Мегузарад ғами дилам

Агар туро мебинам ман,

Аз ту хабар ман надорам,

Биё, биё ҷону дилам.