Ҳабиб Нурмагомедов: “Октагонро тарк мекунам”

Қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмагомедов эълон кард, ки майдони сабқат (октагон)-ро пас аз қувваозмоӣ бо Тонӣ Фергюсон тарк мекунад. Қувваозмоии мазкур соли оянда баргузор мешавад.

Дар баробари ин Ҳабиб иқрор шуд, ки бузургтарин муҳорибааш қувваозмоӣ бо Конор Макгрегор буд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳабиб Нурмагомедов айни ҳол 31 сол дорад ва баҳори соли гузашта cазовори унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни сабук гардид. Ӯ то имрӯз 28 муҳориба анҷом додааст ва боре ҳам шикаст нахӯрдааст.