Ҳиссиёти ногуфтанӣ: Пораи нави филми «Цвет из иных миров» бо ҳунарнамоии Николас Кейҷ

Аввалин порае аз филми хоррори навбатии «Цвет из иных миров» ба дӯстдорону ҳаводорони навовариҳои олами синамо пешниҳод карда шуд. Нақшҳои асосиро дар филм Николас Кейҷ ва Ҷоэли Ричардсон офаридаанд.

Филм бар асоси қиссаи ҳамноми Говард Лавкрафт омода шудааст. Сужаи филм аз саргузашти оилаи Гарднерҳо нақл мекунад, ки аз шаҳри муосири Бостон ба як фермаи Англияи Нав мекӯчанд. То он даме, ки ин истиқоматкунандагон ба ҷойи нав одат мекунанд, дар наздикии он минтақа метеорите меафтад, ки тамоми атрофро бо ранги ғайриодӣ олуда месозад. Ва ин сабаб мешавад, ки мутатсия ба вуҷуд ояд.

Нахустнамоиши ин филм моҳи сентябри соли равон дар фестивали филмҳои Торонто ба ҳамагон пешниҳод шуда, баҳои баланди мунаққидони синамо (кинокритикҳо) ва тамошобинонро ба даст оварда буд.