Номи сарояндаҳое, ки дар маросими ҷоизасупории American Music Awards иштирок мекунанд, маълум гардид. Инҳо Селена Гомес, Дуа Липа, Камила Кабелло ва инчунин репсарои машҳур Lizzo ва Биллӣ Айлиш мебошанд, ки барояшон ҳунарнамоӣ кардан дар чунин саҳнаи бонуфуз бори аввал ба ҳисоб меравад. Дар ин консерт иштироки Тейлор Свифт низ дар назар аст.

Маросими ҷоизасупории санаи American Music Awards рӯзи 24 ноябри соли равон баргузор мегардад.