Канйе Уэст албоми навашро бо Доктор Дре сабт мекунад

Канйе Уэст дар бораи албоми нави худ гуфт. Он идомаи пластинкаи қаблии ӯ «Jesus Is King» мешавад ва дар сабт Доктор Дре низ иштирок хоҳад кард. Маълумот дар бораи албоми нави Кание санаи 18-уми ноябр дар саҳифаи твиттери ҳарду эҷодкор нашр гардид.

Хотиррасон мегардем, ки албоми аввалини Канйе, ки «Jesus Is King» ном дорад, 25 октябри соли ҷорӣ ба мухлисону ҳаводоронаш пешниҳод гардида буд. Маҳз ҳамон рӯз Уэст ваъда дода буд, ки то 25-уми декабр боз як пластинкаи дигар бо номи «Jesus Is Born» омода намуда ба ҳамагон пешниҳод мекунад. Репсаро қайд намуд, ки маводҳои хеле зиёд дорад ва омода аст, ки ҳар моҳ як албомӣ барорад.

Сарчашма: intermedia.ru