Хоакин Феникс нисбат ба Марго Роббӣ даромади камтар дид

Ҳаққи кории Хоакин Феникс барои нақши асосӣ дар филми «Джокер» ду маротиба камтар нисбат ба ҳамкасбаш Марго Роббӣ барои офаридани нақши Харли Квин дар филми «Хищные птицы» даромад ба даст овардааст. Тавре нашрияи Variety хабар додааст, саъю кӯшиши Феникс барои лоиҳа хеле зиёд мебошад. Он ҳама меҳнати ӯ аз сӯи студия бо 4,5 миллион доллар қадрдонӣ шудааст, дар он ҳоле ки хизмати Роббӣ 9-10 миллион доллар буд.

Гал Гадот барои иштирок дар комикси студияи DC «Чудо-женщина 2» на камтар аз 10 миллион доллар ба даст овардааст. Хотиррасон бояд шуд, ки ҳар ду ҳунарпешаи номбаршуда, нисбат ба Феникс, ки ҷоизадори секаратаи Академияи синамои Амрико мебошад, дастовардҳои камтар доранд.

Кристен Стюарт низ нисбатан даромади зиёдтар дорад. Охирин маблағи даромади ӯ барои офаридани нақши асосӣ дар филми «Ангелы Чарли» ҳафт миллион долларро ташкил медод.

Хотиррасон мегардем, ки филми «Джокер» яке аз лоиҳаҳои сердаромадтарини студияи DC ба ҳисоб меравад.

Сарчашма: kinonews.ru