Хонаи Арнолд Швартсенеггер ва студияи Warner Bros. сӯхт?

Дар наздикии студияи Warner Bros. воқеъ дар шаҳри Бербанки Амрико сӯхтори шадид сар зад, ки он буттаҳо ва чизи гирду атрофро ба хок яксон кард. Дар ин бора саҳифаи расмии Twitter-и раёсати сӯхтори шаҳри Лос-Анҷелес хабар медиҳад.

Барои хомӯш кардани сӯхтор ҳам сӯхторхомӯшкунакҳои заминӣ ва ҳам авиатсияҳои махсус ҷалб карда шуданд. Дар як изҳороти роҳбарият қайд карда шудааст, ки ягон нафар захмӣ ва ё осеб надидааст. Кормандони сӯхторхомӯшкун амалиёти худро саривақт иҷро карда, оташи дар масофаи ним километр ба биноҳои Warner Bros. наздик шударо хомӯш карданд.

Хотиррасон мегардем, ки сӯхторҳои ҷиддӣ ҳафтаи аввал нест, ки дар Колифорния ба вуҷуд омада истодааст. Бисёре аз ҳунарпешаҳои голливудиро лозим омад, ки хонаи худро муваққатан тарк кунанд. Аз он ҷумла, Арнолд Швартсенеггер, ки кормандони оташхомӯшкунро барои иҷрои вазифаи худ дар сатҳи баланд, изҳори сипос намуд.

Ба сабаби ин сӯхтор ва дуди зиёди он, ки дар наздикии Голливуд рух дод, лозим омад, то якчанд чорабиниҳои тантанавиро қатъ намоянд. Масалан, студияи Paramount Pictures маҷбур буд, санаи баргузории чорабинии бахшида ба филми «Терминатор: Темные судьбы»-ро дигар намояд.

Сарчашма: kinonews.ru