Клипи нави Indila — Parle à ta tête

Сарояндаи машҳури фаронсавӣ ва муаллифи сурудҳо Индила (Indila) боз як оҳанги худро, ки Parle à ta tête номгузорӣ шудааст, ба мухлисону ҳаводоронаш пешниҳод намуд.

Коргардони навор Karim Ouaret мебошад, ки пештар барои сароянда клипи S.O.S.-ро наворбардорӣ карда буд.

Сужаи клип филми «Фантастические твари»-ро ба хотир меорад. Қаҳрамони асосӣ дар клип худи сароянда мебошад. Ӯ дар маркази истгоҳи роҳан аз як ҷомадон мебарояд. Аз паси духтар маймуне меравад, ки ҳамроҳи овозхон ҳамсафар мегардад. Ҳунарпеша гӯё аз замонҳои дигар омадааст ва намуди зоҳирии ӯ бо ҷомеаи муосир якранг аст. Қаҳрамони клип бо сабаби номаълум гоҳе дар навбат фиристода мешавад, гаҳе дар утоқи кории бароҳат ва сипас дар саҳнаи опера пайдо мешавад. Толор холӣ аст ва духтар боғайратона як суруд мехонаду худро ҳамчун ситора дар либоси шомгоҳӣ тасаввур карда, дар зери осмонҳои шабона ва муҷассамаи Эйфел суруд мехонад.

Номи аслии овозхон Адила Седрая мебошад. Индила фаъолияти овозхонии худро соли 2010 оғоз кардааст. Соли 2014 вай албоми аввалини худро баровардааст. Адила инчунин ҳаммуаллиф ва ё муаллифи сурудҳо барои сарояндаҳои дигари машҳури Фаронса ба ҳисоб меравад.

Cарчашма: radiopotok.ru