«Ливерпул» бозигари нав мехарад

Маъмурияти дастаи “Ливерпул” ба хулосае омадааст, ки дар равзанаи хариду фурӯши футболбозони зимистона ниммуҳофизатгари дастаи «Борнмут» — Райан Фрейзерро харидорӣ намояд.

Ёдовар мешавем, ки тобистони имсол худи дастаи «Борнмут» ин футболбози 22-солаи шотландиро ба “Ливерпул” пешниҳод намуда буд, ки “сурхпӯшҳо” аз ин пешниҳод даст кашида буданд. Хавбек дар ин мавсим дар ҳамаи бозиҳои дастааш вориди майдон шуда, ба задани 1 тӯб ва як партофти натиҷаовар даст ёфтааст.

Сарчашма: sport24.ru