«Living Proof»: Камила Кабелло парии афсонавӣ шуд (Видео)

Овозхони машҳури амрикоӣ Камила Кабелло ба таронаи «Living Proof» клип сабт кард, ки нахустнамоиши он рӯзи 24-уми ноябр баргузор шуд.

— Ба ман хеле хуш омад, ки худро парии хурди афсонавӣ вонамуд созам, зеро ин ягона чизест, ки мехоҳам бошам! – навиштааст овозхон дар сафҳаи инстаграм.

Шоми ҳамон рӯз Камила ин таронаро дар маросими ҷоизасупории American Music Awards иҷро намуд. Илова бар ин вай бо Шон Мендес оҳанги «Seniorita»-ро сароиданд, ки ин тарона соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин дуэт» гашт.