Лорд нашри албомашро ба сабаби марги сагаш як тараф гузошт

Сарояндаи ҷавон Лорд корро аз рӯи албоми нави худ мутаваққатан қатъ намуд. Сабаби қатъ намудани кор марги сагчаи ӯ Перл гашт. Ғаму андӯҳи худро духтар бо ҳамроҳии мухлисонаш дар саҳифаи фан-клуби худ баён намуд. Тибқи иттилои нашрияи Intermedia, саге ки Лорд соли 2018 барои нигоҳубин кардан гирифта буд, моҳи октябр аз кор мондани дил вафот кард.

 — Азбаски соли 2020 наздик омадааст, шумо пурсон мешавед, ки сабти навбатӣ дар куҷост, — мегӯяд сароянда. — Ман писарамро гум кардам ва барои ман андак вақт лозим аст, то дар зиндагӣ чизи хубро дида тавонаму корро рӯи албом ба итмом расонам.  Ин кор мумкин ба мисли эҷодиёти интизорбуда намешавад ва ҳар нафаре, ки наздикашро аз даст додааст, ин суханҳоро мефаҳмад. Аммо вақте ки ин талафоти калон дар ман оромӣ ёбад ва захм шифо меёбад, умедворам, ки ин лоиҳаро тамом мекунам ва ба шумо пешниҳод месозам.

Албоми охирини Лорд «Melodrama» соли 2017 баромада буд. Дар аввали 2019 бошад, хабар дода шуда буд, ки дар Зеландияи Нав сароянда рӯи лоиҳаи нав кор карда истодааст.