Рӯзи 13-уми ноябр овозхони мардумии ӯзбек Юлдуз Усмонова дар толори Крокус Сити Холли шаҳри Максав консерти ҷашнӣ барпо кард.

Пеш аз оғози консерт ба назди Юлдуз рафиқи деринаи сароянда Филипп Киркоров даромад.

«Ман наметавонистам шумо надида ба фурудгоҳ равам, ки сафари ҳунарӣ дорам. Вале ман бояд туро медидам ва бо ин рухдод табрикат мекардам. Ту зеботарин сарояндаи Шарқ ҳастӣ», — гуфт Филипп ва гулдастаи зебоеро ба Юлдуз тақдим кард.

Юлдуз Усмонова ҳамтои русашро миннатдорӣ кард ва ба Тошканд даъваташ намуд.
Киркоров дар ҷавоб гуфт, дар нақшаи корияш сафари ҳунарӣ ба Тошканд аллакай ҳаст.