Мартин Скорсезе дар бораи мусиқии солҳои 1970-ум филми ҳуҷҷатӣ ба навор мегирад

Коргардони амрикоӣ ва ҷоизадори «Оскар» Мартин Скорсезе ба наворбардории филми нав омодагӣ мебинад. Тавре сомонаи Consequence of Sound хабар медиҳад, филм ҳуҷҷатӣ буда, дар бораи мусиқии солҳои 1970-уми шаҳри Ню-Йорк нақш хоҳад кард. Коргардон аллакай бо ширкати Imagine Entertainment бо сарварии Рон Ховард ва Брайан Грейзер шартнома бастааст ва чанде қабл Apple + розӣ шуд, ки мундариҷаи гуногуни ҳуҷҷатиро барои онҳо таҳия кунад. Эҳтимол аст, ки ин филм барои Netflix омода мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки мавзӯи мусиқӣ ба Мартин хеле наздик аст: ӯ дар бораи Боб Дилан, Ҷорҷ Харрисон, Роллинг Стоунҳо, Майкл Ҷексон филмҳои ҳуҷҷатӣ таҳия кардааст ва ҳамчунин продюсери иҷроия силсилафилми “Винил” дар бораи шоу-бизнеси солҳои 1970-ум низ буд.

Сарчашма: intermedia.ru