Мбаппе: “Тӯби тиллоӣ” насиби Мессӣ мегардад

Килиан Мбаппе, футболбози фаронсавии бошгоҳи “Парӣ Сен-Жермен” гуфт, соҳиби “Тӯби тиллоӣ” тибқи натиҷаҳои имсола ҳамлавари “Барселона” Лионел Мессӣ мегардад.

“Кӣ ҷоизаро ба даст меоравад? Мессӣ. Ба таври ҷудогона ӯ имсол беҳтарин бозигар буд.

Баъзан вақт нигарон ҳастам ва метарсам.  Агар шикаст хӯрӣ, ба ту шубҳа хоҳанд кард. Вале агар ба шикаст дар сабқати муҳим аҳамият надиҳӣ, суол мегузоранд, ки бо ҳамин тамом? Ҳама хуб буд, аммо ҳоло тамом шуд! Ин он қадар дуру дароз давом намекунад, зеро дар футбол барои тафаккури ин вақти зиёд ҳам надорӣ ва ин олист”, — мегӯяд Мбаппе.

Мбаппе: “Тӯби тиллоӣ” насиби Мессӣ мешавад  Мбаппе: “Тӯби тиллоӣ” насиби Мессӣ мегардад

Бояд гуфт, ки Мессӣ “Тӯби тиллоӣ”-ро панҷ бор – солҳои 2009, 2010, 2011, 2012 ва 2015 ба даст овардааст. Ҳамин гуна нишондиҳандаро ҳамлавари бошгоҳи “Ювентус” Криштиану Роналду низ доро аст. Ӯ ин ҷоизаи муътабарро солҳои 2008, 2013, 2014, 2016 ва 2017 соҳиб гаштааст.