МегаФон Тоҷикистон киберварзишгарони ватаниро ба Алма-Ато мефиристад

Дар киберфазои шаҳри Душанбе «Somoni Cyber Space» марҳилаи миллии чемпионати киберварзиш, ки бо сарпарастии ширкати Мегафон Тоҷикистон баргузор гардид, ба анҷом расид. Аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои Dota 2 ва CS: GO, дастаҳои RWG (Red Red Green) ва Project Major аз ҷумлаи беҳтаринҳо буданд. Маҳз онҳоро МегаФон Тоҷикистон ба Қазоқистон мефиристад, то ки варзишгарони киберии мо дар он ҷо ҳунарнамоӣ намуда, барои иштирок дар мусобиқаи ҷаҳонии WESG-2019-2020 роҳхат ёбанд.

МегаФон Тоҷикистон киберварзишгарони ватаниро ба Алма-Ато мефиристад

Чемпионати ин навъи варзиш дар Тоҷикистон дар ду давр баргузор гардид. Аввалан, иштирокчиён интизори бозии онлайн буданд, ки дар ҳар як соҳа ду тими нерӯманд муайян карда шуд. Дар Dota 2 дастаи «RWG» ва «Team Eagles» ғолиб омаданд ва дар CS: GO  бошад, «Major Project» ва «CC Radnoy».

Дар Dota 2, рангҳои парчами Тоҷикистон ботантана пирӯз гардиданд: «Сурх Сафед Сабз» бо ҳисоби 3:0 ҷойи аввалро сазовор гардиданд. Дар CS:GO бо натиҷаи 2:1, дастаи «Project Major» пешсафӣ нишон дод. Ҳоло онҳо ба шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар мекунанд. Дар он ҷо беҳтарин киберварзишгарони Осиёи Марказӣ ба финал — мусобиқаи ҷаҳонии WESG 2019-2020, ки дар Хитой доир мегардад, роҳхат мегиранд.

МегаФон Тоҷикистон киберварзишгарони ватаниро ба Алма-Ато мефиристад

Бори аввал ин лоиҳа соли 2017 гузаронида шуд ва тавонист таваҷҷуҳи ҷавонону хоҳишмандони ин бозиро ба худ ҷалб созад. Айни замон киберварзиш дар ҳоли рушд қарор дорад. Бовар дорем, ки сатҳи ҳунарнамоии бозингарони мо ба сатҳи байналмилалӣ баромадааст. Ин танҳо дар сухан нест, дар амал низ дида мешавад, зеро дастаҳои кишварамон тавонистанд ҳунару истеъдоди худро нишон диҳанд. Акнун бошад онҳо дар зинаи нав қарор гирифтанд.

Ҳайати эҷодии сомонаи Boom News дастаҳои «Red White Green» ва «Project Major»-ро бо ғолибият аз самими дил табрик намуда, ба онҳо дар бозиҳои оянда комёбиҳо таманно мекунад!