Майк Тайсон аз Ҳабиб Нурмагомедов ҷонибдорӣ кард

Муштзани машҳурии амрикоӣ Майк Тайсон андешаи худро дар бораи мухолифати Хабиб Нурмагомедов ва Конор МакГрегор иброз дошт.

“Ҳабиб Конорро мағлуб кард, дуруст? Ва онҳо мехоҳанд бори дигар дасту панҷа мулоим кунанд! Мардум мехоҳанд бубинанд, ки Макгрегор бо Ҳабиб чӣ гуна меҷангад. Вай Ҳабибро шикаст дода наметавонад, аммо ҷомеа барои дидани ин муҳориба омода аст пул пардохт кунад.

Пас чаро онҳо 10 бор намеҷанганд? Мардум боз ва боз пардохт хоҳанд карданд, то ин набардро бинанд, то бо чашми худ шоҳиди 10 бор пайиҳам маблуғ шудани Конорро шаванд. Ин маркетинг аст, гап сари миллионҳо, миллиардҳо меравад, — овардааст суханони Тайсонро нашрияи Daily Star.

Ёдовар мешавем, ки муҳорибаи якуми Ҳабиб ва Конор моҳи октябри соли 2018 баргузор ва Нурмагомедов дар даври чаҳорум ғолиб омада буд. Конор Макгрегор пас аз шикаст хӯрдан аз Ҳабиб дигар ба ҳашткунҷа (октагон) набаромад. Бозгашти размикори ирландӣ рӯзи 18 январ дар назар аст.