Мужда: Селена Гомес албоми нав мебарорад

Овозхони маъруфи амрикоӣ Селена Гомес санаи барориши албоми нави худро маълум кард. Пластинка рӯзи 10 январи соли 2020 ба мухлисону ҳаводорони овозхон пешниҳод мегардад.

  — Ин на танҳо албом аст, балки рӯзномаи чанд соли охири ман ба ҳисоб меравад. Ман бениҳоят мехоҳам, ки шумо онро зудтар шунавед, — навиштааст сароянда дар саҳифаи инстаграми худ.

Дар саҳифаи худ дар шабакаи YouTube Селена видеои кӯтоҳи муаррифии албомашро нашр намудааст, вале ном ё рӯйхати сурудҳояшро маълум накардааст. Ягона чизе, ки дастрас гардид, ин аст, ки албом аз 13 суруд иборат хоҳад буд, аз ҷумла «Lose You To Love Me» ва «Look At Her Now».

Сарчашма: intermedia.ru