Нақши нави Дэннӣ Трехо дар филми «Американские боги»

Мавсими сеюми силсилафилми «Американские боги» бо қаҳрамонҳои нав ва ҳамчунин ҳунармандон пурра мегардад. Тибқи иттилои саҳифаи фейсбукии телешоу, Дэннӣ Трехо («Мачете», «Ягуар») ҷаноби нави Мир мешавад, репсарои амрикоӣ Wale бошад, нақши худои Шанго, Ҷулия Суинӣ – олиҳаи Хинтселман, Эрик Ҷонсон – сардори пулиси Приозёря, Эшли Рейс – Корделия, ёвари нави ҷаноби Среда (Иэн Макшейн) ва Эрисен Ф. Гардиола – олиҳаи Ошунро меофаранд.

Қаблан хабар дода шуд, ки Мэрилин Менсон дар ин силсилафилм ҳамчун «Йохан Венгрени хунхор — овозхони пешбари гурӯҳи Blood Death, ки манбаи асосии қуввати ҷаноби Среда мебошад», пайдо мешавад.

Дэнни Трехо и Эрик Джонсон сыграют в «Американских богах»  Нақши нави Дэннӣ Трехо дар филми «Американские боги»

Хотиррасон мекунем, ки мавсими дуюми филми «Американские боги» дар Amazon моҳҳои март ва апрели соли равон ба намоиш гузошта шуд. Санаи нахустнамоиши фасли сеюм ҳоло маълум нашудааст.

Сарчашма: intermedia.ru