Нақшофарии ситораи

Ба ҳайати ҳунармандони филми «Миссия невыполнима 7» боз бо як нафари дигар шомил гардид. Тавре дар саҳифаи расмии коргардони тасвир Кристофер МакКуоррӣ дар шабакаи Instagram хабар дода шудааст, ба гурӯҳи ҳунарӣ ситораи филми «Стража Галактики» Пом Клементйефф ҳамроҳ гардид. Кадом нақшро офаридани Клементефф ҳоло маълум нашудааст.

Хотиррасон бояд шуд, ки ин аввалин иштирокчии олами синамои Marvel нест, ки барои иштирок дар идомаи филми «Миссия невыполнима» даъват нашуда бошад. Аз ин пеш хабар дода шуд, ки яке аз нақшҳои марказиро дар филми мазкур Хейлӣ Этвелл, ки тамошобинон ӯро аз филми «Капитан Америки» мешиносанд, мебозад.

Сужаи филм ҳанӯз маълум нест. Студияи Paramount нақша дорад, ки филмро соли 2021 ба тамошобинону ҳаводорони синамо пешниҳод намояд. Ёдовар мегардем, ки қисми шашуми лоиҳаи мазкур, ки соли 2018 ба намоиш гузошта шуд, яке аз қисмҳои сердаромадтарин ба ҳисоб меравад.

Сарчашма: kinonews.ru